Сӯҳбату вохӯрии Раиси суд Давлатзода Саидраҳмон Аҳтам бо сокинони Ҷамоати деҳоти Лахши болои ноҳияи Лахш

Вохӯриҳои раиси суди ноҳия ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат бо маром идома доранд

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва расонидани муҳтавои он ба аҳолӣ, вохӯрии раиси суд муҳтарам Давлатзода Саидраҳмон Аҳтам бо сокинони Ҷамоати деҳоти Лахши боло баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ самтҳои асосии Паём, аз ҷумла масъалаҳои рушди устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти иҷтимоӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ва густариши ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.
Ҳамзамон ба масъалаҳои таъмини қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, риояи қатъии қонунҳои амалкунанда, инчунин масъалаи муҳими даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.