Ишғоли замин ва сохтумони худсарона дар он боиси ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан гардид.

Аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Лахш санаи 16 марти соли 2022  парвандаи ҷиноятӣ нисбати Давлатов А., дар  содир намудани ҷинояти бо моддаи 338  қисми 2 -и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баррасӣ карда шуд.  Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гардид, ки  Давлатов А.,  бар хилофи талаботи Кодекси Замин ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, ба 0.15 га қитъаи замини ба у ҷудо шуда қонеъ нашуда, бо 0,0146 га қитъаи замин ё 146 мм дигарро, ки дар ҳудуди ҳамшафти шоҳроҳи шаҳри Душанбе-Лахш ҷойгир буда,  таҳкурси бетони рехта, бо дарозии 42 м девор бардошта ба сохтумони худсарона даст задааст.

Дар мурофиаи суди судшаванда Давлатов А., худашро пурра дар содир намудани ҷинояти мазкур гунаҳгор шуморида аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Давлатов А. дар содир намудани ҷинояти  бо моддаи 338  қисми 2 -и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба у ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шудааст.