Иштироки судяи суди ноҳияи Лахш Бадалзода М. М., дар Баргузории мулоқоти судманди гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинону кормандони ташкилотҳо, раисону эмомхатибон ва директорони муассисаҳои таъллимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пилдони ноҳияи Лахш

Лахш 1.12.2021
.
Аъзоёни Раёсати гуруҳи корӣ
Баротзода Файзулло Раҷаб — раиси ноҳияи Лахш
Зайдуллозода Х. — Прокурори ноҳияи Лахш
Бойматов Х. — сардори шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Лахш
Бадалзода М. — судяи Суди ноҳияи Лахш
Мавлонзода А. -комисари ноҳия ва инчунин, муовинони Раиси ноҳия, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, мудирони шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, умумии ва назорат, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои макомоти ичроияи хокимияти давлатии нохияи Лахш.
Рӯзномаҳои маҷлис.
1. Оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
2. Оид ба иншоотҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш.
3. Оид ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ
4. Оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳҳои тундрав аз ҷумла терроризму экстремизм.
5. Ҷалби ҷавонон ба адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Оид ба ҷалби ҷавонон ба донишомузиву илмомузӣ, тарбияи дуруст носли ояндаи миллат баҳри садоқат ба ватан ва ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон