ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САРЧАШМАИ ҲАМАИ ХУШБАХТИҲОСТ

Халқи тоҷик имрӯз дар арафаи ҷашнгирии 30-юмин солгарди рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, онро дар фазои оромию осудагии ҷумҳурӣ ҷашн мегирем.

Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузург, бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асил ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад. Бояд таъкид кард, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекард. Бо ҳукми тақдир имрӯз ба мо муяссар шудааст, ки орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон қадами устувор гузорем. Дар охири асри 20 миллати куҳанбунёди тоҷик соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ шуд, ки имрӯз мо 30-умин солгарди ин дастоварди бузурги таърихиро ҳамчун муқаддасоти умумимиллӣ таҷлил мекунем.

Истиқлолият ҳамчун рукни бунёди озодии инсон ва гавҳари асосии зиндагӣ дар тамоми давру замон ҷузъи таркибии ҳастӣ ва ҳувияти миллати мо мебошад. Воқеан, вақте, ки таърихи фарҳанги умумибашариро варақ мезанем, аз давраҳои гузаштаи дур то имрӯз андешаҳои инсонпарваронаи мутафаккирони фарҳанги ориёӣ бо шеваю забонҳои мухталиф, бо ҳарфу матнҳои гуногун ҳамчун гавҳари тобнок ва арзиши ҷовидона ҷило медиҳад.

Бешубҳа огоҳии хуб аз таърихи фарҳанги куҳан на танҳо ифтихори миллиро ба замона созгор месозад, балки ба таҳкими робитаи тамадунҳо ва халқҳои гуногун дар шароити мураккаби дунёи муосир мусоидат карда, ба густариши сулҳу њамдигарфаҳмӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Барои он ки истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад, давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳон мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тарақикарда ҷой гирад, бояд мо густариши худро хуб дарк карда, бо нерӯи тоза ва азму иродаи ќаввӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем. Зеро давлат ва ҷамъият ҳамеша дар инкишоф буда, дар ҳар як марҳилаи таърихӣ ба онҳо хатар ва омилу падидаҳои номатлуб таҳдид мекунад.

Бо дарназардошти чунин омилҳо мо имрӯз ба се масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем: якум таъмини амнияти милливу давлатӣ, дуюм  суботи сиёсӣ ва сеюм рушди устувори иќтисодиву иҷтимоӣ.

Истиқлолияти Тоҷикистон сол то сол таҳким меёбад, мо азми ќавӣ дорем, ки бо бунёди иншоотҳои азими гидроэнергетикӣ, коммуникатсионӣ ва густариши истеҳсолот дар њама соҳаҳои ҳаёт истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ ва рушди саноати миллиро таъмин намоем, кишварамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳои бахшида, робитаи мустақими онро бо шоҳроҳи бузурги байналмилалӣ  ба роҳ монем.

Бинобар ин, солҳои истиқлолият вобаста ба азнавсозӣ ва сохтмони роҳи оҳани дохилӣ, як қатор роҳҳои автомобилгард аз шимол то ҷануб ва аз ғарб то шарқ, бунёди туннелҳои мошингард ва пулҳои байналмилалӣ, ки қисмати зиёди он ба итмом расида, қисмати дигараш дар марҳилаи анҷомёбист.

Инчунин, ба ободиву зебогии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе  ҳам эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин даврони истиқлолият биноҳои зиёди замонавӣ дар ҳамаи кӯчаҳои он қомат афрохтаанд ва ба шаҳр ҳусни тоза зам менамоянд. Хулоса, кишвари азизамон рӯ ба тариқӣ  мениҳад ва комёбиҳо  дар ҳама бахш назаррасанд.

Ҳамаи ин гуфтаҳои боло аз истиқлолияти ҷумњурӣ сарчашма гирифта, шаҳодати онанд, ки ҷумҳурии мо воқеан ҳам соҳибистиқлол буда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона бе дахолати дигар ҷумҳуриҳо ба амал мебарорад.

Хушбахтӣ дар он аст, ки дар ин даврони истиқлолият дар ҳокимияти судӣ пешравиҳо ва дастовардҳои назаррас дида мешавад. Тӯли ин солҳо дар ҷумҳурӣ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 бо мақсади рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судӣ масъалаи таҳия ва пешниҳод намудани барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуда буд ва дар заминаи он Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №271 аз 23 июни соли 2007 дар ин бора ба тасвиб расид.

Барномаи аввал дар такмили қонунҳои амалкунанда, қабули кодексу қонунҳои нав, ташкили сохтори нави суди, коллегияҳои маъмурӣ ва оилавӣ, таъсиси вазифаи коромӯз-судяҳо, амали намудани дигар чорабиниҳои соҳави ва дар ин замина тахкими ҳокимияти суди нақши сазовор бозид. Тибқи ин Барнома бо сайъю талоши Парлумони воқеан касбии ҷумҳурӣ ва саҳмгузории мақомоти судӣ Кодекси Ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Мурофиаи Ҷиноятии Ҷумҷурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифтанд.

Инчунин, 15 апрели соли 2009 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба идомаи раванди такмили заминаҳои ҳуқуқиро бо дарназардошти рушди ҷомеа пешниҳод карда, қабули Кодекси нави манзил, такмили Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъйини ҷазои ҷарима барои ҷиноятҳои иқтисодӣ, ҳангоми ихтиёран барқарор намудани зарари расонидашуда ба мақсад мувофиқ дониста буд.

Таҳияи барномаи нави ислоҳоти судӣ бо мақсади такмили минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо аз ҷониби Президенти кишвар маҳз дар соли 2009 мувофиқи маќсад дониста шуда буд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 қайд гардидааст, ки қабул гардидани як силсила қонунҳо,- Кодекси Мурофиаи граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси Мурофиаи ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳо «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ,«Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими ҳокимияти судӣ мусоидат намуд.

Дар ин даврони истиқлолият бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 таҳти №976, Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 қабул шуд. Ин Барнома идомабахши ислоњоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар заминаи Паёмҳои Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 таҳия гардидааст.

Мақсад аз таҳияи барномаи мазкур таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар,

ташкилотҳо такмили сохторҳои судӣ ва таќвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо  мебошад.

Ҳамзамон, ворид намудани тағйирот ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне аз 18-солагӣ муқаррар кардани синни никохӣ, инчунин то шаш моҳ дароз кардани муҳлат барои оштишавии зану шавҳар барои ҳимояи манфиатҳои қонунии оилаҳои ҷавон, кӯдакони ноболиғ ва баланд бардоштани масъулияти оила дар рушди ҷомеа мебошад. Инчунин, ба фарзандхонд қабул намудани кӯдакони ятиму бепарасторро қайд намуда, вобаста ба соддагардонии механизми баррасии фарзандхондӣ масъалагузорӣ карда шуд.

Дар охир ба ифтихори ҷашни бузург ва муќаддаси миллӣ- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи ҳокимияти судӣ тамоми мардуми Тоҷикистонро табрику муборакбод намуда, пеш аз ҳама  саломатӣ, хонаободӣ ва тенҷию амониро барояшон таманно дорам.

Бигузор парчами Истиқлолият асрҳои аср бар сари миллати куҳанбунёду номдор ва озодаи тоҷику тоҷикистонӣ парафшон бошад.

 

Бадалзода Маҳмуд  Муҳаммадалӣ

И. в  Раиси  суди ноҳияи Лахш