Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рузи кормандони мақомоти судӣ”

Санаи рӯзи 26 октябри соли 2022 дар суди ноҳияи Лахш маҷлиси корӣ бахшида ба «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» бо иштироки Раиси ноҳияи Лахш Баротзода Ф. Р., Раиси  суд Юсуфзода Қ. Ф., роҳбарияти мақомоти прокуратура, КДАМ, Комиссариати  ҳарбӣ, ШВКД ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Лахш баргузор гардид.

Маҷлиси мазкурро Раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Баротзода Файзйлло Раҷаб кушода, ҳайати суд ва дар симои онҳо тамоми корманду собиқадори мақомоти судиро бо ин рӯзи фархунда муборакбодӣ намуда, ба онҳо таманниётҳои нек орзу намуда, қайд карданд, ки  рузи 26 октябр – «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ» эълон карда шудааст. Суд дар низоми мақомоти давлатӣ шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ унвон карда шудааст, ки он аз ҷониби судҳо ва аз номи давлат амалӣ гардида, адолати судиро вобаста ба мутобиқати меъёрҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба Контстутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебароранд ва танҳо суд метавонад шахсро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор шуморида, нисбати ӯ ҷазо таъин намояд.

Бо ҳамин маҷлиси мазкур дар шакли маъруза кардани иштирокчиёни ҷаласа давом дода шуда, дар охир  аз ҷониби Раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Баротзода Ф. Р.,  роҳбарият ва кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Лахш бо ифтихорнома ва туҳфаҳои арзанда қадрдони карда шудаанд.

Инчунин Раиси суд Юсуфзода Қ. Ф., миннатдории худро ба Раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Баротзода Ф. Р., барои куммаку дастгириҳои ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш  байён намуда,  изҳори қаноатманди кард.

КОТИБИ СУДИ НОҲИЯИ ЛАХШ

                                                                                                                                                                             КАМОЛЗОДА М.  Э.