МАЪРАКАИ ИММУНИЗАТСИЯ БАР ЗИДДИ БОМОРИИ КОВИД-19 БО ИСТИФОДА АЗ ВАКСИНАИ «МОДЕРНА» ДАР НОҲИЯИ ЛАХШ

Тавре қаблан иттилоъ дода буданд, субҳи 26  июли соли равон  1,5 млн воя ваксинаи истеҳсоли  ширкати «Модерна»   Инк-и ИМА ҳамчун кӯмаки башардӯстона дар чорчӯбаи фаъолияти механизми  КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаи зидди КОВИД-19 ба Тоҷикистон ворид гардида  буд. Вояҳои ваксинаи мазкур аллакай ба ноҳияи Лахш дастрас карда шуда, маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус дар миёни шаҳрвандон бо истифода аз ваксинаи мазкур оғоз ёфт.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати ба иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси навъи КОВИД-19 фаро гирифтани шаҳрвандон, аввалин шуда санаи 29 июли соли 2021 аз кормандони дастгоҳи Суди ноҳияи Лахш оғоз ёфт.

Аз тамоми сокинони ноҳияи Лахш даъват ба амал оварда мешавад, ки дар маъракаи мазкур иштироки фаъол дошта, худ ва пайвандонашонро аз сироятёбии бемории навъи Ковид-19 эмин нигоҳ доранд.

 

И. в Раиси Суди
ноҳияи Лахш
Бадалзода М. М.