-
Ба суди ноҳияи Лахш парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, муайян карда шуд, ки Саидов А. И, санаи 12 декабри соли 2021 соатҳои 09:29 дақиқа дар назди бозори Марказии ноҳияи Лахш аз шаҳрванд Амонов И. М. як адад купюраи хориҷии 1000 (ҳазор) сом пули милли Ҷумҳурии Қирғистонро ба маблағи 140 сомонӣ ғайриқонунӣ иваз намуда, ба у ду адад купюраҳои 50-сомонӣ ва ду адад купюраҳои 20-сомонӣ дар мачмуъ 140 сомонӣ дода, ба муомилоти ғайриқонунии бо асъори хориҷӣ зада, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»-ро вайрон намудааст, ки ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳияи Лахш ошкор гардида, нисбати Саидов А. И. бо моддаи 541 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб додаанд.
-
Санаи 18 январи соли 2022 парвандаи мазкур аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Лахш Юсуфзода Қ Ф. баррасї гардида, ҳуқуқвайронкунанда Саидов А. И. бо моддаи 541-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар доираи моддаи мазкур ҷазои ҷарима бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣба фоидаи давлат, таъин карда шуд.