САРКАШӢ НАМУДАН АЗ ХИЗМАТИ ҲАТМИИ ҲАРБӢ БОИСИ БА ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ КАШИДАНИ ШАХС ГАРДИД

Шаҳрванд А. Ш., дар асоси даъватномаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Лахш санаи 19 марти соли 2021 аз муоинаи тиббии даъвати ноҳиявӣ гузашта,  қобили хизмати њарбӣ дониста шуда, худи ҳамон руз, яъне санаи 19 марти соли 2021 аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Лахш даъватномаро барои минбаъд гузаштан аз комиссияи тиббии ҷумҳуриявӣ ва сафарбар шудан ба хизматӣ харбӣ дар санаи 1 апрели соли 2021 гирифта, бар замми ин ба кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Лахш забонхат додааст, ки ӯ рузи 1 апрели соли 2021 барои минбаъд гузаштан аз комиссияи тиббии ҷумҳуриявӣ ва сафарбар шудан ба хизматӣ ҳарбӣ ҳозир мешавад. Аммо судшаванда А. Ш., дар рузи таъиншуда ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Лахш барои минбаъд гузаштан аз комиссияи тиббии ҷумҳуриявӣ ва сафарбар шудан ба хизмат ҳозир нашуда, пинҳон гашта бо ҳамин роҳ аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудааст.

Суд ҳолатхои сабуккунанда ва  вазнинкунандаи ҷазоро нисбати судшаванда А.Ш., ба инобат гирифта,  ба ӯ дар доираи санксияи моддаи   343 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи панҷсад нишондиҳанда баробар  ба 30 000 (си ҳазор) сомонӣ  ба фоидаи давлат таъин  намуд.

Аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда мешавад, ки хизмати ҳатмии ҳарбиро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона адо намоянд, зеро он вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.

 

 

И. в Раиси суди

ноњияи Лахш

Бадалзода М. М.