Табрикоти Раиси суди ноҳияи Лахш вобаста ба 29-солагии таъсисиёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 22 феврали соли 2022 бахшида ба 29-умин солгарди таъсисиёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани маҳбубамон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш, бо иштироки роҳбарону намояндагони мақомоту идораҳо ва фаъолону собиқадорони ҷангу меҳнат, сарбозону афсарон ва ҷавонони шуҷоъу далери ноҳия ҷашн гирифта шуд. Раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Баротзода Ф. Р., чорабинии мазкурро кушода эълон намуда, баҳри сокинони ноҳия ин ҷашни бузургро бори дигар табрик ва муборакбод намуд. Дар маросими мазкур Раиси суди ноҳияи Лахш Юсуфзода Қ. Ф., баромад намудаанд, ки 23 феврал рузи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон мебошад. Бо фарорасии ин рузи муқаддас ҳамаи ҳозирин, дустону бародарон, ва ҳамватанони гиромиқадрро табрику таҳният намуда, қайд намудаанд, ки аз таъсиси Артиши миллӣ 29 сол пур мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони маҳбубамон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобарин мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему дар обод гардидани Ватани азизу маҳбубамон саҳми хешро гузорем. Бори дигар Раиси суди ноҳияи Лахш ҳамватанони азизамонро ба муносибати фарорасии рузи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан аз номи худаш ва аз номи кормандони дастгоҳи суди ноҳияи Лахш табрику муборакбод намуд.