Вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардид.

Ба суди ноҳияи Лахш парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, муайян карда шуд, ки ҳуқуқвайронкунанда Набиев М. А, санаи 19 феврали соли 2022 аз соати 12:00 то 14:00 дақиқа дар хонаи истиқоматиаш воқеъ дар деҳаи Қарчини ноҳияи Лахш маросими аъзодории бародари ҳамсараш Умарова М. яъне марҳум Кармов Д-ро бо иштироки зиёда аз 12-нафар меҳмонон ва тайёр намудани таъом гузаронидааст.  Набиев М. А. бо ин кирдори худ талаботи қисми 2  моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд ва дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист», «шашмоҳагӣ», ҳамчунин додани пули нақд ва дигар ашё, ба истиснои ҳаққи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ аст, вайрон намуда ва инчунинҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 481 қисми 1-и КҲМ  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешбини менамояд, содир намудааст.

Санаи 16 марти  соли 2022 парвандаи мазкур аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Лахш Юсуфзода Қ. Ф. баррасӣ гардида, Набиев М. А. бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ҷарима таъин карда шуд.