Ҷавононро ба зиндагии мустақилона тайёр намудан вазифаи асосии падару модар аст.

 

Оила- ин тӯҳфа аз ҷониби Худованд аст, ки   баъд аз офариниши олам ба одам дода шуд. Ин аввалин чизе, ки Худо ба одам тӯҳфа кард. Ҳаёти инсон аз ҳ воқеаҳое иборат аст, ки барои инсон ҳолати тақдирсоз ба шумор мераванд. Масалан яке аз ин воқеаҳо бунёди оила аст.  Агарчи оиладорӣ ҳодисаи муқаррарӣ менамояд, мутаасифона масъулияти зиёд доштани онро имрӯз баъзе ҷавонону калонсолон дарк намекунанд. Чи тавре маълум аст оила пойдевори ҷомеа, асоси пойдории насли инсон мебошад. Имруз ҷомеашиносон оиларо ячейкаи хурди ҷамъият номида, таъкид доштаанд, ки инсон тарзи муносибат бо афроди ҷомеаро маҳз дар муҳити оила меомӯзад. Аз ин рӯ, инсоне, ки аз муҳити оилаи солим маҳрум мемонад, на танҳо дар ҷомеа мавқеъ намеёбад, балки бо ҳамроҳ шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ мушкилиҳои бе ин ҳам зиёди ҷомеаро афзунтар мекунад.
Инро қайд намудан зарур аст, ки аксаран дар натиҷаи ҷудошавӣ на танҳо ҳамсарон зарар мебинанд, балки агар дар ин миён фарзандҳо ба дунё омада бошанд, дар ин ҳолат аз байн рафтани оила маънии бе таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон  гашта ба кӯдак осеби ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё маънавӣ расида, ба вазъи саломатӣ ва ахлоқии ӯ таъсири ногувор мегузорад, ки ин боиси поймол гаштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мегардад, ки дар натиҷа волидонро ба ҷавобгарии маъмурӣ ва  љиноятӣ оварда мерасонад. Тибқи талаботи моддаи 5-и Қонуни мазкур таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад. Татбиқи қонуни мазкур ба пуррагӣ ба роҳ монда шуда, риояи меъёрҳои он асосан таъмин шудаанд.

Кӯдакон дар рафти ҳаёт ин гуна муносибатҳоро дар симои волидайн, хоҳарон ва бародарони худ меозмоянд. Аз ин рӯ аъзои оила бо якдигар ниҳоят вобастаги  доранд. Кадом мушкиле, ки ба сари ин ва ё он аъзои оила наояд, ё ба таври мустақил ё ғайримустақил ба зиндагии тамоми аъзои оила таъсир мерасонад.

Имруз яке аз сабабҳои асосии  вайрон шудани оилаҳои ҷавонон дар паст будани маърифати оиладорӣ, нафаҳмидани муқаддасоти оила ва дахолати ноҷои баъзе волидон мебошад, ки инро бевосита дар вақти омузиши парвандаҳои оилавие, ки дар бораи бекор намудани аќди никоҳ дар суди ноҳияи Ҷиргатол баррасї гардидаанд муайяан намудаам.

Сабаби дигари вайрон шудани оилаҳо дар он аст, ки волидон фарзандони худро ба хонадоршавӣ омода намесозанд. Зеро оилаҳое ҳастанд, ки барои қабул кардани духтари бегона ҳамчун духтари худ тайёр нестанд. Ҳамчунин баъзе духтароне ҳастанд, ки дар хонаи шавҳар он гуна рафтор мекунад, ки гӯё дар хонаи волидони худ бошанд ва ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин маврид бояд падару модари домод ё арус қабл аз хонадоршавӣ чи тавр муносибат кардани онҳоро бо хушдоман ва аҳли оилаи «нав» хуб фаҳмонанд. Зеро Ҷавононро ба зиндагии оилавӣ тайёр намудан ин вазифаи асосии падару модар аст

Барои ҳалли ин масъала чи бояд кард?.  Омӯзгорон бояд дар дарсҳои тарбиявии муассисаҳои таълимӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва бояд вақти муроҷиат намудани ҷавонон ба ҷамотҳои  шаҳраку деҳот барои ба расмият даровардани ақди никоҳашон аз тарафи шахсони масъул, арзишҳои хонаводагӣ ба онҳо фаҳмонида шавад, то онҳо оиларо муқаддас шуморанд. Мақомоти давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила   ва созмонҳои ҷамъиятиро зарур аст, ки дар байни ҷавонон корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотиро пеш баранд. Зеро аксари муроҷиаткунандагоне, ки барои аз ҳам ҷудо шудан яъне бекор кардани  ақди никоҳ ба суд ё ба мақомоти САҲШ муроҷиат мекунанд, чи ҷавонон ва чи калонсолон, аз мафҳум ва ҳадафи ташкили оила бархурдор нестанд ва қудсияти онро дарк накардаанд.

 

Котиби маҷлиси судии

суди ноҳияи  Лахш

Камолзода   Муҳаммад    Эмомидин.